Тозакунии Кафк - Philips AVENT SCF291 User Manual

Hide thumbs Also See for AVENT SCF291:
Table of Contents

Advertisement

Available languages
  • EN

Available languages

  • ENGLISH, page 1
4
Сарпӯш, сабади хурд, сатҳи поён ва сабади калонро бо оби гарм ва каме
моеъи зарфшӯӣ тоза намоед.
Шарҳ: Пас аз тозакунӣ, дастгоҳи тамизкуниро дар ҷойи салқин ва хушк нигоҳ
доред.
Тозакунии кафк
Раванди тамизкунӣ хеле муҳим аст, зеро ки он барои риояи стандартҳои беҳдоштӣ
барои кӯдаки шумо таъмин менамояд. Оҳаксанг метавонад давраи тамизкуниро суст
кунад ва ҳатто ба натиҷабахшии он зарар расонад.
Оҳаксанг як пасмондаи сахт ва бордор аст. Вобаста аз намуди об дар минтақаи шумо,
оҳак метавонад намудҳои гуногун дошта бошад, аз хокаи сафеди барф то доғҳои
қаҳваранг. Об сахттар бошад, карахш тезтар мешавад. Дар дастгоҳ оҳаксанг ҳангоми
ҷушондани об бухор намешавад ва ҳамчун боқимондаи мнералҳои табиии об ҷамъ
мешавад. Бо вуҷуди он ки оҳаксанг зарар намерасонад, он баднамо мебошад, ба
осонӣ тоза намешавад ва метавонад ба кори дастгоҳ таъсир расонад ё унсурҳои онро
вайрон кунад, агар ҷамъ шавад.
Дастгоҳи тамизкунандаро ақаллан ҳар 2 ҳафта аз оҳаксанг тоза кунед, то дастгоҳ
самаранок кор кунад.
1
12 ml сиркои сафедро (5% туршии сирко) ва 120 ml
обро ба обанбор резед.
2
6 соат/шабона ва ё то он даме, ки ҳама оҳакҳо ҳал
шаванд, интизор шавед.
3
Обанборро холӣ кунед ва дарунро бодиққат бишӯед.
- Тоҷикӣ 125 -

Advertisement

Table of Contents
loading

Table of Contents